Хабарҳо

15 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ КӮДАКОНИ ГИРИФТОРИ БЕМОРИИ САРАТОН

15 феврал-Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон

15 феврал Рӯзи байналмилалии кӯдакони гирифтори бемории саратон  аст, ки ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ  ҷашн гирифта мешавад. Хабарнигори АМИТ «Ховар» ин мавзӯъро пайгирӣ намуда, бо мудири шуъбаи саратоншиносии кӯдаконаи Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Моҳира Умарова ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда зикр кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 100 ҳазор аҳолӣ ба  2,8 фоиз бемории саратони кӯдакона дида мешавад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ беш аз 1000 кӯдаки гирифтори бемории саратон ба қайд гирифта шудааст. Мутаассифона  сол то сол дар байни кӯдакон ин беморӣ  зиёд шуда,  ҳамасола аз 200 то 230 кӯдак бори аввал ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона бо бемории саратон муроҷиат менамоянд.

Ба гуфтаи мавсуф, сабаби гирифтор шудани кӯдакон ба бемории саратон гуногун буда, он метавонад аз насл ба насл гузарад. Инчунин дар  натиҷаи никоҳи хешутаборӣ низ бештари кӯдакон бо бемории саратон таваллуд мешаванд. Ҳар як сеюм беморе, ки ба шуъбаи саратоншиносии кӯдакона муроҷиат менамояд, падару модари онҳо дар никоҳи хешутаборӣ мебошанд.

«Миқдори умумии бемороне, ки дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакона муолиҷа мешаванд, 1000 нафар мебошад.  Бояд гуфт, ки ҳангоми сари вақт ба духтур муроҷиат намудани бемор, фоизнокии сиҳатшавии беморӣ дар дараҷаи якум ва дуюм зиёдтар мегардад. Зеро  бештари беморон танҳо дар дараҷаи сеюм ва чорум ба мутахассис  муроҷиат мекунанд»,-  афзуд номбурда.

М.Умарова иттилоъ дод, ки  нишонаҳои асосии саратон  пайдошавии омосҳо, беҳолӣ, надоштани иштиҳо, баланшавии  ҳарорати бадан то 37,6 дараҷа  ва аз ин зиёд мебошад. Дар ҳолати пайдо шудани омосҳо дар бадани кӯдак волидайн ва табибони  оилавӣ метавонанд онро муайян кунанд.

-Имрӯз дар шуъбаи саратоншиносии кӯдакона тамоми шароити тасхису табобат фароҳам оварда шуда, инчунин  утоқи махсус барои бозии кӯдакон омода гардидааст. Ҳамчунин ин  кӯдакон аз табобати пурра мегузаранд, яъне онҳо тариқи ҷарроҳӣ, муолиҷаи кимиёвӣ ё нурӣ табобат мешаванд.

Это изображение имеет пустой атрибут alt; его имя файла - lona.jpg

Дар Тоҷикистон бештар бемории саратони лимфоӣ маъмул мебошад. Аз ин навъи беморӣ системаи лимфоии организми кӯдак осеб меёбад. Табобати чунин кӯдакон қариб ду сол давом ёфта, беморон то 5 сол таҳти назорати доимии духтур қарор мегиранд.

«Кӯдакони гирифтори бемории саратон ба таври тӯлонӣ табобат мешаванд, аз ҳамин сабаб мо кӯшиш мекунем, ки барои онҳо тамоми шароитро муҳайё созем. Барои мактаббачагон дар шуъба дарсҳои мактабӣ таълим дода мешаванд, то онҳо ҳангоми муолиҷа аз дарсҳо қафо намонанд. Инчунин  дар шуъба духтури равоншинос фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза бо волидон ва кӯдакон кор мебарад. Шурӯъ аз соли 2009  Бунёди хайриявии «Лона» шуъбаро парасторӣ намуда, маводҳои дорувориро ба таври ройгон  дастрас менамояд», — илова кард Моҳира Умарова.

Номбурда  аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки мардум ҳангоми муроҷиат хеле ҳасос буда, дар мафкураи онҳо андешаҳои нодуруст нисбат ба бемории саратон ҷой гирифтаанд.  Аксарият  оқибати ин бемориро фоҷиавӣ медонанд. Ин дар ҳолест, ки муолиҷаи навъҳои гуногуни саратон дар марҳилаи аввал  комилан имконпазир буда,   ҳатто дараҷаи 3 ва 4 низ   метавонад  табобат шавад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

ВХОД

October 2020
M T W T F S S
« Feb    
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031